ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ СУЛҲ, УСТУВОРӢ ВА ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН

25 июни соли 2025 дар бинои суди шаҳри Кӯлоб чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Муовини раиси суди вилояти Хатлон дар минтақаи, Кӯлоб Мирзозода Ғ.Н. ҳамаи ҳозиринро бо муносибати чашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, дар бораи нақши муҳими таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори давлатдории миллӣ, раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, инчунин таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон суханронӣ намуд.