БУЗУРГИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ДАР ВАҲДАТ АСТ

          Санаи 27-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб маросими идона бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси суди шаҳри Кӯлоб Муҳиддинзода Баҳодур Бобохон, муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоёрзода Бобоёр, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода, шоира Хосият Вализода, намояндагони мақомотҳои қудратӣ, собиқадорон, роҳбарону кормандони соҳаҳои  гуногуни шаҳру деҳот, адибону рӯзноманигорони ВАО-и кишвар ва сокинони шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

          Нахуст, меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҳунариву маҳсули эҷодиёти адибон ва гӯшаи китобҳои Пешвои миллат ва намунаи асарҳои безаволи илму адаб дидан намуданд.

           Маросими  расмии бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллиро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҳусни оғоз бахшида, бо ёдоварӣ аз саҳми Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди баҳамоии мардуми Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, Ваҳдати миллиро заминаи бунёдии рушду ободониҳо дар Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон арзёбӣ намуданд. Зикр гардид, ки сокинони меҳандӯсти шаҳри Кӯлоб бо дарки моҳияти Ваҳдати миллӣ дар эҳё ва рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ин неъмати бузургро ҳамчун арзиши муқаддас ва бақои давлату зиндагии шоистаи мардум дониста ҳифзу пойдории ҷовидонии онро рисолати муқаддаси хеш мешуморанд.  Сипас раиси суди шаҳри Кӯлоб Муҳиддинзода Баҳодур Бобохон ба сухан баромада, кулли сокинони шарафманди шаҳри бостонии Кӯлобро ба ин санаи муҳими таърихӣ муборак бод намуданд. Дар идома иброз доштанд, ки ваҳдат асоси таҳким ва ташаккули давлати миллӣ ба шумор меравад. Дар ин росто моро зарур аст, ки ҳамчун нерӯи бузурги созанда кӯшишу ғайрат, донишу маҳорати худро баҳри пойдории сулҳу суботи ва ваҳдати миллӣ равона намоем.  Ба муносибати 28-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ як қатор собиқадорон ва фаъолони шаҳри Кӯлоб бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.                 Дар қисмати охири чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ манзури иштирокчиён гардонида шуд.

Бахши бойгонӣ-матбуотии

МИҲД-и шаҳри Кӯлоб.