РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Ҳамкасбони азиз ва собиқадорони мақомоти судӣ ба мо маълум аст, ки аз соли 2018 ум инҷониб рузи 26 октябр ҳамчун рузи кормандони мақомти суди бо ифтихор ҷашн гирифта мешавад. Аз номи раиси суди шаҳри Кўлоб ва шахсан аз номи худам ҳамаи шуморо ба муносибати рўзи иди касби сидқан муборакбод намуда, бароятон саломатию сарбаланди дар корҳоятон комёбиҳои беназир ва бахту саодати шукуфон таманно менамоям.

Касби судяги басо заҳматталаб мебошад. Судя дар баробари ҳуқуқшиноси варзида будан бояд дорои тамоми фазилатҳои неки инсони бошад. Амали намудани адолати суди вазифаи басо масъулиятнок ва бошараф мебошад, ки ба зиммаи судяҳо вогузор карда шудааст.

Барои мо судяҳо ифтихор аст, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти ҳокимияти судӣ дар давлатамон то рафт таҳким ёфта, суд рисолати муҳими давлатиро дар самти риоя ва ҳифзи арзишҳои оли, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо таъмин намуда истодааст.

Аз фурсати муносиб истифода бурда Шуморо барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани ин вазифа, сиҳатманди умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ, осмони софи беғубор ва дар фаъолияти барқарорсозии адолати иҷтимоиву пешрафти Ватани азизамон барору комёбиҳои беназир орзу менамоям.

Иди касбӣ муборак ҳамкасбони гиромиқадр.

 

Акрамзода Ҳ.
Муовини раиси Суди шаҳри Кўлоб: