Нишасти матбуотии суди шаҳри Кӯлоб

 

Рӯзи 07 май соли 2019 дар Суди шаҳри Кўлоб оид ба натиҷаи баррасии парвандаҳои судӣ ва фаъолияти кори Суди шаҳри Кўлоб нишасти матбуоти бо намояндагони васоити ахбори омма, ки дар минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон кору фаъолият карда истодаанд баргузор гардид.

Дар ин нишасти матбуоти раиси суди шаҳри Кўлоб Шарифзода Б.Б., муовини раиси суд Ҷалилзода С.Х. ва судяҳои суди шаҳри Кўлоб Бобоҷони Ш. Алимзода Ҳ.А., Шамсзода А.Н. Муҷидинзода А. иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси суди шаҳри Кўлоб Шарифзода Б.Б. оид ба натиҷаи фаъолияти суди шаҳри Кўлоб дар се моҳи авали соли 2019 ба намояндагони васоити ахбори омма ахборот пешниҳод карда шуд.

Дар давоми се моҳи соли 2019 ба суди шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон 60-адад парвандаҳои ҷиноятӣ ворид шуда, аз соли 2018-ум 33 адад парванда боқи монда буд, ки дар маҷмуъ 93-адад парвандаро ташкил медиҳад.

Аз ин шумора дар давоми се моҳи соли 2019 48-ададаш  моҳиятан бо баровардани ҳукм нисбати 55-шахс дида  баромада шуд. 9 адад парванда дар маҷлиси суди қатъ карда шудааст, ки аз ин миқдор 3 ададаш бо татбиқ кардани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қатъ карда шудааст. 36-адад

парвандаҳои ҷиноятӣ дар арафаи баррасӣ қарор доранд.

5 парванда аз руи тобеият ба дигар суд ирсол карда шудааст, ки ҷамъ парвандаҳои барраси гардида 62 парвандаро ташкил медиҳад. Аз тарафи судяҳои суди шаҳри Кўлоб дар ин давра нисбати семоҳаи соли 2018, 24-адад парвандаҳои ҷиноятӣ зиёд баррасӣ гардидаанд.

Шумораи  маҳкумшудагон дар ин давра 55-шахсро ташкил мекунад, ки аз онҳо 3-нафарашон занон, 5-нафарашон ноболиғон, 47-нафарашонро мардон ташкил  мекунад.

Дар ин давра нисбати  ягон шахс ҳукми сафед бароварда нашудааст. 13-парвандаи ҷиноятӣ дар маҷлисҳои сайёри  суди дида баромада шуда,  оиди  сабабҳои содир шудани ҷиноят ва камбудиҳои ҳангоми  бурдани  тафтишоти   пешаки роҳ дода 15-адад таъиноти  хусусӣ  бароварда  шудааст. Дар муқоиса ба се моҳаи соли 2018 таъинотҳои хусусӣ 2 адад ва маҷлисҳои сайёри суди 3 адад зиёд шудаанд.

Ҳангоми таъини ҷазо хавфнокии ҷаъмиятии ҷиноятҳои содиршуда шахсияти маҳкумшудагон ва ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо ба  назар  гирифта  шуда  нисбати  маҳкумшудагон ҷазоҳои  сазовор  ва одилона  таъин карда шудааст.

Аз ҷумла нисбати 16-нафар ҷазои маҳрум  сохтан  аз  озоди таъин карда шудааст, нисбати 5-шахс корҳои ислоҳӣ, нисбати 9-шахс корҳои ҳатмӣ, нисбати 15-шахс моддаи 71 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шудааст, нисбати 10-шахс ҷарима ба маблағи умуми 61000-сомонӣ татбиқ карда  шудааст. Аз ин маблағ 46500-сомониаш руёнида шудааст, ки фоизи иҷроиши ҷаримаҳо 76%-ро ташкил медиҳад. Маблағи 14500-сомонӣ айни ҳол боқи монда ва дар арафаи иҷроиш қарор дорад.

Оиди парвандаҳои гражданӣ ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки дар се моҳи соли 2019 ба суд 36-адад парвандаи гражданӣ ворид гардидааст. Ғайр аз ин аз соли  2018-ум 48-парвандаи гражданӣ боқи монда буд, ки шумораи умуми парвандаҳо 84-ададро ташкил медиҳад.Аз ин шумораи парвандаҳои гражданӣ 33-парвандаи гражданӣ бо баровардани ҳалнома барраси гардидааст, ки дар 30-ҳолат даъвоҳо оид ба парвандаҳои гражданӣ қаноат карда шуда, дар 3-ҳолат даъво рад карда шудааст. 3-парвандаи гражданӣ бо баровардани фармон баррасӣ карда шудааст ва 4-парванда бебарасӣ монда шудааст.Ҷамъи парвандаҳои гражданӣ барраси гардида 43-ададро  ташкил  мекунад.

Дар муқосиа ба се моҳаи соли 2018  дар суди шаҳри Кўлоб 2 адад парвандаи гражданӣ зиёд барраси гардидааст.

Маблағи 10600-сомонӣ боҷи давлати руёнида шуда ба фоидаи давлат  пардохт  карда  шудааст.

4-парвандаи гражданӣ дар маҷлисҳои сайёри суди барраси гардида, 3-таъиноти хусусӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ бароварда шудааст, нисбати се моҳаи соли 2018 шумораи таъинотҳои хусусӣ 1 адад ва маҷлисҳои сайёри суди 3 адад зиёд шудаанд.

Дар муқоиса ба семоҳаи аввали соли 2018 шумораи парвандаҳои гражданӣ вобаста ситонидани қард дар се моҳаи авали соли 2019 1 адад зиёд шудааст.

Оиди парвандаҳои оилавӣ бошад, дар  се моҳи соли 2019 ба суди шаҳри Кўлоб 221-парвандаи оилавӣ  ворид гардида, аз соли 2018-ум 219-парвандаи оилави боқи монда буд. Ҷамъи парвандаҳо 440-ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумораи  парвандаҳо 196-парвандаи оилавӣ бо баровардани ҳалнома баррасӣ гардидааст, ки дар 195-ҳолат даъвоҳо қаноат карда шуда, дар 1-ҳолат даъвоҳо рад карда шудааст. 18-парвандаи оилавӣ дар истеҳсолот қатъ карда шудаанд ва 37-парванда бебаррасӣ монда шудааст, 3 парванда бо баровадани фармон баррасӣ гардидааст. Ҷамъи парвандаҳои  баррасигардидаи оилавӣ 245-ададро ташкил  мекунанд, ки дар муқоиса ба семоҳаи соли 2018, шумораи парвандаҳои барраси гардид 18-адад зиёд мебошад.

18-парвандаҳои оилавӣ дар маҷлисҳои сайёри суди дида баромада шуда 12-таъиноти  хусусӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ бароварда шудааст. Шумораи маҷлисҳои сайёри суди 4 адад ва таъинотҳои хусусӣ 8-адад нисбати семоҳаи авали соли 2018 зиёд мебошад.

       Маблағи 6772-сомонӣ боҷи давлати руёнида шуда ба фоидаи давлат  пардохт  карда  шудааст, ки нисбат ба се моҳаи  соли 2018 маблағи 1779-сомонӣ зиёд мебошд.

Дар суди шаҳри Кўлоб дар семоҳаи аввали соли 2019 нисбат ба семоҳаи аввали соли 2018 шумораи парвандаҳои оилавӣ вобаста ба бекор кардани ақди никоҳ, зиёдтар ворид шуда, баррасӣ гардидаанд.

Гарчанде шумораи ин категорияҳои парвандаҳои оилавӣ зиёд агрдида бошад ҳам, судяҳои суди шаҳри Кўлоб бо мақсади пешгири намудани пошхурии оилаҳо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб, раисони ҷамоатҳои деҳоти Даҳана, Зиракӣ, Кўлоб ва Зарбдори шаҳри Кўлоб ҳамкории зиҷ доранд.

Раис ва судяҳои суди шаҳри Кўлоб пайваста бо аҳолии шаҳри Кўлоб ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кўлоб вохурию суҳбатҳо гузаронида корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт пешбурда истодаанд.Баҳри барқарор намудани оилаҳо судяҳои суди шаҳри Кўлоб ҳангоми баррасии парвандаҳои дар бораи бекор кардани никоҳ ба тарафҳои барои барқарор намудани оилаҳояшон муҳлати оштишави дода истодаанд, ки алакай натиҷаҳои хуб    дода истодааст.

Дар се моҳаи аввали соли 2019 судяҳои суди шаҳри Кўлоб барои барқарор намудани оилаҳои дар 69 ҳолат ба тарафҳои муҳлати оштишавӣ додаанд, ки ин нишондод нисбат ба семоҳаи аввали соли 2018 дида 20-адад зиёдтар мебошад.

Ҳамчунин бо мақсади пешгири намудани бекоршавии никоҳ ҷамъбастӣ гузаронида шуд, ки тибқи он шумораи оилаҳое, ки барои бекор кардани ақди никоҳ боа риза ба суд муроҷиат кардаанд муайян карда шуд.

Таҳлилҳо нишондодан, ки шумораи бекоршавии ақди никоҳ дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ нисбати дигар Ҷамоатҳо зиёдтар мебошад.

Дар се моҳи соли 2019 ба суди шаҳри Кўлоб парвандаҳо оиди руёнидани алимент.

Шумораи парвандаҳои оилавӣ ворид ва баррасӣ гардида вобаста ба ситонидани алимент дар нимсолаи аввали соли 2019 нисбати семоҳаи аввали соли 2018 34-адад зиёд гардидааст.

Дар  давоми се моҳи соли 2019 дар  Суди  шаҳри  Кўлоб 356-парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмури ворид гардида 53-парванда аз соли 2018 боқи монда буд, ки ҷамъи умумии парвандаҳо 409-ададро ташкил медиҳад.

Аз ин шумораи парвандаҳои ворид шуда ; бо моддаи 90 КҲМ ҶТ 159-адад, бо моддаи 332 КҲМ ҶТ 23- адад,  бо моддаи 481 КҲМ ҶТ 11-адад, бо моддаи 460 КҲМ ҶТ 3 адад парванда ва дигар ҳуқуквайронкниҳои маъмурӣ 160- адад, ворид гардидааст.

Нисбати 228-шахс қарор бароварда шудааст, 64-парвандаи маъмурӣ барои барасмиятдарори нав баргардонида шуда, 2-парванда қатъ карда шудааст,  ва ҷамъ 292-парвандаро ташкил медиҳад.

Нисбати 165-шахс  ҷарима, нисбати 9-шахс ҳабси маъмурӣ, нисбати 8-нафар ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус ба сифати ҷазои ҷазои иловагӣ, нисбати 52-нафар огоҳӣ ҷазо таъин карда шудааст. 10-адад парвандаҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  дар  маҷлисҳои  сайёри  суди дида  баромада шуда,  оиди  сабабҳои содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳо 15- адад пешниҳод  бароварда  шудааст.

Маблағи  умумии ҷарима 56800-сомониро ташкил  мекунад, ки аз ин 12560-сомониаш ба иҷро расонида шудааст,  руёниши маблағи 44240-сомониаш дар арафаи иҷроиш қарор дорад.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 ба суди шаҳри Кўлоб 159-парванда бо моддаи 90 КҲМ ҶТ воридгардида, 30 парванда аз соли 2018 боқи монда буд, ки ҷамъ 189 ададро ташкил медиҳад, 107-ададаш бо баровардани қарор баррасӣ гардида нисбати 52 нафар ҷазоӣ огоҳӣ ва нисбати 55-нафар ҷазои ҷарима ба маблағи умумӣ 8445 сомонӣ таъин гардидааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 ба суди шаҳри Кўлоб 23 парвандаи бо моддаи 332 КҲМ ҶТ ворид гардида, 2 парванда аз соли 2018 боқи монда буд,ки ҷамъ 25 парвандаро ташкил медиҳанд, аз инҳо 10 ададаш бо баровардани қарор нисбати 10 шахс баррасӣ гардидида, нисбати 2-нафар қатъ карда шуда, нисбати 7 нафар ҷазои ҳабсӣ маъмурӣ ва нисбати 1 нафар ҷазои ҷарима, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати панҷ соли ҷазо таъин карда шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 ба суди шаҳри Кўлоб 11-парванда бо моддаи 481 КҲМ ҶТ воридгардида, 2 парванда аз соли 2018 боқи монда буд, ки ҷамъ 13 ададро ташкил медиҳад, аз инҳо 6-ададаш бо баровардани қарор баррасӣ гардида нисбати 6 нафар ҷазои ҷарима ба маблағи умумӣ 19100 сомонӣ таъин гардидааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 ба суди шаҳри Кўлоб 3-парванда бо моддаи 460 КҲМ ҶТ воридгардида, 2 парванда аз соли 2018 боқи монда буд, ки ҷамъ 5 ададро ташкил медиҳад, аз инҳо 2-ададаш бо баровардани қарор баррасӣ гардида нисбати 1 нафар ҷазои ҳабси маъмурӣ ва нисбати 1 нафар ҷарима ба маблағи умумӣ 385 сомонӣ таъин гардидааст.

Моддаи 332 КҲ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмуриро барои Идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ муқарар намудааст. Санаи 26 августи соли 2017 таҳти №1466 ба ин моддаи Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурӣ тағирот ворид карда шуд, ки ҷавобгариро барои Идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ вазнин кард, яъне барои Идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазои ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарўз ё ҷарима ба маблағи се сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёт ба муҳлати 5 сол мўкақар карда шудааст.

Судяҳои суди шаҳри Кўлоб ин намудаи ҳукуквайронкуниҳоро дар маҷлисҳои саёйри суди баррасӣ намуда, оиди пешгири намудани ин гунна ҳуқуқвайронкугиҳо таъиноти хусусӣ бароварда истодаанд ва ҳангоми дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ намудани ингуна ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳи бурда истодаанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар натиҷа бурдани корҳои фаҳмондадиҳи шумораи ҳуқуқвайронкуни бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Точикистон Идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, нисбат ба семоҳаи соли 2018 20 адад кам шудааст.

Ҳамчунин дар давоми се моҳи аввали соли 2019 ба суди шаҳри Кўлоб 68 адад дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ оиди чораи пешгирӣ  ва 47-адад пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳи ва Хадамоти иҷро ва дигар пешниҳодҳо ворид ва баррасӣ гардидаанд.

Ҳамаи он чорабиниҳое, ки  дар  нақшаи асоси ва иловагии кории суд, пешбини шуда буданд ба пурраги  иҷро гардиданд. Аз ҷумла 4-адад  ҷамбасткуни оиди  таҷрибаи  суди : 1-адад оид ба парвандаҳои гражданӣ, 1-адад оиди парвандаҳои оилавӣ, 1-адад оид ба парвандаҳои маъмурӣ ва 1-адад оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гузаронида  шуда  дар  байни  судяҳо  муҳокима карда  шуданд. Оиди бартараф кардани  камбудиҳои дар натиҷаи ин ҷамбасткуниҳо ошкор  гардида чораҳои мушаххас  андешида шуда, 2-пешниҳод ба ШВКД-и ш.Кўлоб, 2-пешниҳоди дигар ба Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб, исрол карда шудааст.

Кормандони суди шаҳри Кўлоб ба мақсади  баланд  бардоштани маърифати  ҳуқуқии  шаҳрвандон, ба  онҳо фаҳмонидани  қонунҳои  амалкунанда, пешгири  кардани  қонуншикани  ва кам  гардидани  сатҳи  ҷинояткорӣ, ба  мардум  фаҳмонидани  мазмун  ва  мундариҷаи  дастур  ва  супоришҳое, ки  аз  фармонҳои  Сардори  давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, аз ҷумла оиди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвоӣ миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-декабри соли 2018, дар бораи сиёсати дохили ва хориҷии кишварамон ва мубориза  алайҳи ҷиноятҳо вобаста ба терроризм ва экстримизм, «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар тарбия фарзанд», 36-маротиба  дар  корхонаву ҷамоатҳо ва  маҳаллаҳо суҳбат ва маърузаҳо карданд, ки нисбат ба семоҳаи соли 2018-ум  16-маротиба зиёд мебошад.

Ҳамчунин кормандони суди шаҳри Кўлоб 5-маротиба дар симо ва 1 маротиба ба воситаи садо оиди масъалаҳои ҳуқуқи баромад намуда, тавассути телевизони марказии «Телевизони Тоҷикистон» дар барномаи «Мурофиа» иштирок намуданд ва 1 маротиба тавассути телевизони «Ҷаҳонамо» дар барномаи «Додогоҳ» баромад намудаанд.

Кормандони Суди шаҳри Кўлоб баҳри ғани  гардонидани  буҷаи  давлат бо роҳи   ҷарима, боҷи  давлати, руёнидани  товони  зарар  ва дигар  хароҷотҳои суди дар семоҳаи аввали соли 2019 ба фоидаи давлат 135172-сомонӣ руёнида шудааст, ки аз ин  миқдор маблағи 76432-сомонӣ, ба буҷаи давлат ворид карда шудаааст, ки 56%-и иҷроишро ташкил медиҳад. Маблағи 58740-сомониаш дар арафаи иҷроиш қарор дорад.

Инчунин дар шабақаи интернет, сомонаи интернетии Суди шаҳри Кўлоб кушода шудааст, ки доими фаъолият карда истодааст ва дар соли 2016 дар озмуни сомонаҳои фаъоли судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии ҷои намоёни дуюмро ишғол намудаанд.Ҷараёни 8-вохурию суҳбатҳо бо аҳолии шаҳри ноҳияи Кулоб дар сомонаи интернети ҷой карда шудаанд.

Ҳамаи  ин  корҳои  ба сомон  расонида  кормандони  Суди  шаҳри  Кўлобро қаноат  намекунанд. Онҳо  кушиш  мекунанд, ки минбаъ ҳам кору фаъолияти  худро   боз  ҳам  хубтар ба  роҳ  монда камбудиҳои  ҷойдоштаро  бартараф  кунанд ва  баҳри  мустаҳкам  кардани   қонуният, адолати  иҷтимои  ва  мустаҳкам  кардани ҳокимияти  суди  ҳиссаи  сазовори  худро  гузоранд.