ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ

Рӯзи 7 сентябри соли 2022 дар суди шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ барузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳр ширкат варзиданд.

Маҷлисро Раиси суди шаҳр Раҳмонзода Ш.Ф. оғоз карда, ҳозиринро бо ҷашни миллӣ табрик намуда, вобаста ба Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ кард.

Сипас судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Кӯлоб вобаста ба Истиқлолияти давлатӣ бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин якчанд нафар кормандони суд бо Сипосномаи Раиси суди шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ шуданд.