Суди шаҳри Кулоб – Баргузории намудани шанбегӣ аз ҷониби Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд.

Санаи 18 майи соли ҷорӣ вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди вилояти Хатлон оиди дар сатҳи баланд таҷлил гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шанбегиҳо баҳри ободниву бунёдкорӣ гузаронида шуда истодааст.

Яке аз ин судҳо Суди шахри Кулоб ба шумор рафта, баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди вилояти Хатлон вобаста ба дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам шанбегиҳо гузаронида шуда истодааст.