БАРОМАДИ РАИСИ СУДИ ШАҲРИ КӮЛОБ ШАРИФЗОДА Б.Б. ДАР ТЕЛЕВИЗИОНИ ҶАҲОННАМО ДАР БАРНОМАИ ДОДГОҲ ДАР МОҲИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2019.

1) Дар мавзӯи паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри 2018 сол.

Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки рӯзи 26 декабри соли 2018, Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Сарвари давлатамон ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёми навбатии худ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷи кишварамон баромад намуд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳое, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, кормандони суди шаҳри Кӯлоб нақшаву чорабиниҳо тартиб додаанд.

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Сарвари давлатамон ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёми навбатии худ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун барномаи мукаммалӣ сиёсиву ҳуқуқи рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи навини моро дар як давраи муайян мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор дод.

Имсол низ Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Сарвари давлатамон ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин фароҳам овардани фазои ҳуқуқиро дар ҷомеъа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд дониста, зикр кардаанд, ки барои амали намудани ин ҳадаф пеш аз ҳамма ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқи зарур аст, зеро амният ва суббот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад.

Кормандони суди шаҳри Кӯлоб воқеъан ҳам эҳсос менамоянд, ки зимни татбиқи ҳадафҳои Паёми ҳамасола дар ҳаёти ҷомеъа дигаргуниҳои куллӣ рӯйи кор меоянд, низоми ҳуқуқии кишвар таҳким меёбад,  соҳаи  иқтисодиву  иҷтимоӣ рушд мекунад ва дар ҳамин замина сатҳу сифати зиндагии мардум боло рафта истодааст ва дар маҷмуъ ҳадафҳои конститутсионии давлат амали мегарданд.

Дар ҳамин замина мо кормандони суди шаҳри Кӯлоб паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Сарвари давлатамон ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва рушангарии фардои миллату давлат қабул намуда, кӯшиш мекунем, ки барои ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди мо кормандони ҳокимияти судӣ гузошта шудааст сарбаландона иҷро намоем.

 2) Мавзӯь оиди баррасии парвандаҳо аз ҷониби судяҳои суди шаҳри Кӯлоб дар давраи ҳисоботии соли 2018.

 3) Мавзӯъ оиди вохури ва суҳбат намудни кормандони дастгоҳ ва судяҳои суди шаҳри Кӯлоб барои паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон оиди пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои экстремисти ифротгарои.  

 4) Мавзӯъ оиди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ марбут ба ду конуни миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки дар давоми соли 2018-ум аз тарафи судяҳои суди шаҳри Кӯлоб баррасӣ гаштаанд оиди таълилҳо ва натичагирӣ ба ин намуди категорияҳои парвандаҳо ва фаҳмондани моҳияти ин ду Қонуни миллӣ дар байни сокинони шаҳри Кӯлоб баромад намуд.