ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ МУБОРАК!

Воқеан Истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар дастоварду муваффаққиятҳо бузургтарин комёбӣ ба шум
ор меравад. Ин дастоварде ҳаст, ки дар натиҷаи соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди тољик тавонистанд ба муваффақияту комёбиҳои дигар ноил гарданд.
Миллате, ки соҳибистиқлол нест худро озод ҳис намекунад ва наметавонад баҳри рушду тараққӣ дар соҳаҳои гуногун талош варзад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тавонист соҳибистиқлол гардида, имрӯз ба як кишвари пешрафта табди ёфтааст. Дар ин кишвар ҳуқуқу қонунҳо пойбарҷост ва ҳама мардум
аз ҳуқуқҳои худ бархурдор буда, тибқи қонуну қарорҳои амалкунанда, фаъолият менамоянд.
. Ғайр аз ин дар 29 соли соҳибистиќлолїдар кишвар дар қатори дигар конуну қарорҳои қабул гардида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дарбораи танзими анъаиа ва ҷашну марбсимҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба тавсибрасидааст, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва дуруст тарбия намудани фарзандон мусоидат хоҳанд кард.
Ғайр аз ин ҳар як фаъолияти сокинони кишвар тибқи қонунҳои амалкунанда, равона гардидааст. Мардуми сарбаланди кишвар низ сухани «агар хоҳӣ аз ҳама банду баст озод бошӣ, ғуломи қонун бош»-рошиори худ қарор дода, ҳама гуна фаъолияташонро дар доираи қонунҳои ҷорӣ амалӣ мегардонанд. Чунин аст, ободию озодӣ ва сарбаландӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, 29-Солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ба њама мардуми сарбаланди кишвар муборак бошад.

Бо камоли эҳтиром.
Раиси суди шаҳри Кўлоб :- Раҳмонзода Шариф Файз.