Нақшаи кории Суди шаҳри Кӯлоб

Нақшаи кории Суди шаҳри Кӯлоб

НАҚШАИ
кории суди шаҳри Кӯлоб
дар нимсолаи дуюми соли 2018

т/р Муҳлати иҷроиш Шахсони масъул
1 МАСЪАЛАҲОИ УМУМӢ  

Июли соли 2018

 

Р а и с

Гузаронидани ҷамъбасти кории суди шаҳри Кӯлоб дар давоми нимсолаи якуми соли 208
2 Назорат аз болои иҷроиши саривақтии ҳукму ҳалнома, таъинот ва қарорҳои баровардаи суд, мутобиқи қонунҳои амалкунанда. Ба таври доими Раис, муовини раис ва судяҳо
3 Санҷиши фаъолияти дафтархони суд дар давраи кории нимсолаи аввали соли 2018-ум Дар давоми нимсолаи дуюми соли 2018  

Муовини раис

4 Назорат аз болои босифат ва дар муҳлатҳои муайян ҳалу фасл намудани арзу шикоятҳои шаҳрвандон Ба таври доими Раис, муовини Раис ва судяҳо
5 Ташкил ва гузаронидани баромаду вохуриҳо ба воситаи Садо ва Симо, нашр намудани мақола ва хабарҳо дар рузномаҳо, тарғибу ташвиқ намудани қонунҳои амалкунанда, қонунҳои ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, меҳнат, оила, манзил. Дар бораи сиёсати умумии давлат, доир ба мубориза алайҳи ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, терроризм, экстремизм, коррупсия, яроқ, ҳизбҳои ғайриқонунӣ, оиди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2017 сол Дар давоми нимсолаи дуюми соли 2018 Раис, муовини Раис,  судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд
6 Гузаронидани баромаду вохуриҳо дар байни аҳоли, корхонаву муассисаҳо, Ҷамоатҳо оиди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» ва дар бораи «Муроҷиати шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ» Дар давоми нимсолаи дуюми соли 2018 Раис, муовини Раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд.
1 ОИДИ ФАЪОЛИЯТИ СУДӢ Дар давоми нимсолаи дуюми соли 2018 Раис, муовини Раис ва судяҳо
Баҳри таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар корхона, муассиса, Донишкада ва мактабҳои миёнаи умумӣ ташкил намудани суҳбат ва вохуриҳо, гузаронидани маҷлисҳои сайёри судӣ, муҳокимаи қарорҳои судии эътибори қонунӣ пайдо карда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояткорӣ.
2 Ҷамъбасти таҷрибаи судӣ оиди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо аломати моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим) дар нимам аввали соли 2018 баррасӣ гардида.  

Моҳи августи соли 2018

 

Шарифзода Б.Б.

3 Ҷамъбастии таҷрибаи судӣ оиди парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба дуздӣ дар давраи нимаи аввали соли 2018 баррасӣ гардида. Моҳи сентябри соли 2018 Бобоҷон Ш.
4 Ҷамъбасти таҷрибаи судӣ оиди баррасии парвандаҳои оилавӣ вобаста ба бекор кардани никоҳ дар нимаи аввали соли 2018-ум баррасӣ гардида. Моҳи сентябри соли 2018 Ҷалилзода С.Х.
5 Ҷамъбастӣ таҷрибаи судӣ оиди баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки бо аломати моддаи 328-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Иштироки ронандагони мотосиклҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати муштарак дар шаҳрҳо ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишин, ки ба ҳаракат дар роҳ халал мерасонанд ё ба бехатарии ҳаракат таҳдид менамоянд) дар нимаи аввали соли 2018-ум баррасӣ шудаанд.  

 

Моҳи октябри соли 2018

 

 

Шамсзода А

6 Ҷамъбастии таҷрибаи судӣ оиди парвандаҳои оилавӣ вобаста ба маскун намудан ба манзили истиқоматӣ дар нимаи аввали соли 2018-ум баррасӣ шудаанд. Моҳи августи соли 2018 Муҷидинзода А.
7 Ҷамъбасти таҷрибаи судӣ оиди баррасии парвандаҳои гражданӣ оиди руёнидани маблағи қарз ва товони зарар, ки дар нимаи аввали соли 2018-ум баррасӣ шудаанд. Моҳи ноябри соли 2018-ум Алимзода Ҳ.А.

 

Э З О Ҳ:- Ғайр аз масъаллаҳои дар нақша пешбинишуда ҳар як судя вазифадор аст, ки ҳангоми баррасии парвандаҳот ҷиноятӣ ва гражданӣ дар маҷлисҳои сайёри судӣ бо аҳолӣ оиди масъаллаи рӯз аз қабили мубориза бар зидди ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, яроқ, терроризм, экстремизм, коррупсия, мавриди омузиш қарор додани  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2017 сол, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди қонунҳои амалкунанда ва пешгирии ҷинояткорӣ маърузаҳо намоянд.